Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БО-2018: Дилшод Назаров аввалин медали Тоҷикистонро ба даст овард

27.08.2018

: 1060

Варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров шоми дирӯз дар мусобиқаи гурзандозӣ дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 сазовори медали нуқра гардид.

Дар мусобиқа 14 варзишгар барои медалҳо талош карданд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 74,16 метр ҳаво дода, ҷои дуюмро ишғол кард. Мақоми якум бо натиҷаи 76,88 метр насиби варзишгари Қатар Ашраф Ал Сайфӣ шуд. Ҷои сеюмро варзишгари тоҷиктабори Узбекистон Суҳроб Хоҷаев бо натиҷаи 74,06 ба даст овард.
Дилшод Назаров се карат қаҳрамони Бозиҳои Осиё мебошад. Ӯ соли 2006 дар Доҳаи Қатар, соли 2010 дар Гуанжоуи Чин ва соли 2014 дар Инчони Корея сазовори медали тиллои бозиҳо гардидааст.
18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардид, идома дорад. То имрӯз мусобиқаҳо оид ба гуштини варзишӣ, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, софтбол, баскетбол 3х3, шамшербозӣ, ҷиуҷитсу, голф, ҷетски, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, теннис ва ушу ба анҷом расиданд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштин, шиноварӣ, ҷиуҷитсу, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.
Варзишгарони тоҷик рӯзҳои баъдӣ рақобатро дар намудҳои дзюдо, кураш, самбо, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс идома медиҳанд, ки барояшон иқбол мехоҳем.
Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 178 медал (78 тилло, 59 нуқра, 37 биринҷӣ) пешсаф аст. Ҷопон бо 123 медал (40-34-49) дар ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 94 медал (27-30-37) дар ҷои сеюм қарор доранд. Умуман варзишгарони 35 кишвар ба гирифтани медалҳои бозиҳо шарафёб шудаанд ва варзишгарони 28 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷои 32-юм қарор дорад.