Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Сайри ҷаҳон бо дучарха бо мақсади тарғиби арзишҳои олимпӣ

Сайри ҷаҳон бо дучарха бо мақсади тарғиби арзишҳои олимпӣ Сайри ҷаҳон бо дучарха бо мақсади тарғиби арзишҳои олимпӣ Сайри ҷаҳон бо дучарха бо мақсади тарғиби арзишҳои олимпӣ Сайри ҷаҳон бо дучарха бо мақсади тарғиби арзишҳои олимпӣ Сайри ҷаҳон бо дучарха бо мақсади тарғиби арзишҳои олимпӣ Сайри ҷаҳон бо дучарха бо мақсади тарғиби арзишҳои олимпӣ

27.08.2018

: 286

Имрӯз – 27 август – кормандони Кумитаи байналмилалии олимпӣ Ребекка Вардел ва Сара Ван Баллеком, ки савори дучарха ба сайри ҷаҳон баромадаанд, ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон меҳмон шуданд.

Дучархасаворон бо шароити кор дар Кумита, Маркази федератсияҳои варзишӣ шинос шуда, осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро тамошо карданд ва бо дастоварди варзишгарони Тоҷикистон ошно гардиданд.
Сипас, бо муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Назарзода Ризо ва кормандони Кумитаи миллии олимпӣ мулоқот карданд. Назарзода Ризо зимни мулоқот меҳмононро аз номи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Аҳтам ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз иқдоми пешгирифтаи онҳо, яъне сайри ҷаҳон бо дучарха истиқбол намуд. Қайд гардид, ки сафари меҳмонон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рост омадааст, ки боиси хушҳолии мост.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон соли дуюм марафони велосипедронӣ баргузор мешавад, ки дар он ҳазорон нафар дӯстдорони ин намуди варзиш ширкат мекунанд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи олимпиро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирад, хусусан соли равон ба муносибати Рӯзи олимпӣ дар кишвар беш аз 500 чорабинии варзишӣ ва мулоқоту вохуриҳо доир гардиданд. Мардуми тоҷик ба варзиш таваҷҷуҳи хоса дорад, ҳамин аст, ки ҳар сол бо иштироки васеи сокинон дар ҷумҳурӣ дар се марҳила Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор мешавад.
Меҳмонон дар навбати худ барои меҳмондории гарму самимӣ ба кормандони Кумитаи миллии олимпӣ изҳори сипос намуда, ҳамкории худро ҷиҳати ҷоннок кардани фаъолияти Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон ва мусоидат дар рушди ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ изҳор доштанд.
Дар анҷом ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ребекка Вардел ва Сара Ван Баллеком аз хӯрдӣ орзу доштанд, ки ҷаҳонро савори дучарха тасхир намоянд. Онҳо сокинони кишвари Зеландияи Нав мебошанд, аммо бо сабаби кору пайкор дар давлати Швейтсария зиндагӣ мекунанд.
Дӯстон пеши худ мақсад гузоштанд, ки бояд умеду орзуи дар дил парваридаи овони ҷавонии худро амалӣ намоянд ва бо ҳамин санаи 30 апрели соли 2018 ҷиҳати сайри қораи Аврупою Осиё савори дучарха аз шаҳри Лоззанаи Швейтсария ба роҳ баромаданд.
Мақсади саёҳати тӯлонии сайёҳони дучархасавор дар саҳифаи фейсбуки онҳо, тарғибу ташвиқи арзишҳои олимпӣ ва муттаҳид намудани қаҳрамону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ унвон шудааст. Инчунин, онҳо навиштаанд, ки беш аз 100 рӯз мешавад, ки дар сафар ҳастанд ва дар роҳи расидан ба қуллаи мурод онҳо аз кишварҳои мухталифи Аврупою Осиё гузар карда, бо олимпичиёну мардумони мухталифи дунё аз наздик суҳбат кардаанд. Бо тай намудани 7400 км роҳ аз Лоззанаи Швейтсария то ба Тоҷикистон, онҳо аз ҷойҳои нотакрор ва манзараҳои дилпазири кишварҳои Италия, Словения, Хорватия, Туркия, Босния, Сербия, Булғористон, Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон дидан намудаанд.
Сайёҳони дучархасавори олимпӣ 20 августи соли равон тариқи гузаргоҳи сарҳадии шимол вориди хоки Тоҷикистон гашта, тариқи шаҳри Панҷакент ба ноҳияи Айнӣ ва аз он ҷо ба шаҳри Душанбе ҳаракат намуданд. Меҳмононро масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, онҳоро дар меҳмонхонаи «Варзиш» ҷойгир намуданд.
Сайёҳони дучархасавори олимпӣ зимни ташрифи панҷрӯзаи худ аз бисёр ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои дилхушии шаҳри Душанбе, инчунин Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб боздид намуданд.
Онҳо нақша доранд, ки пас аз сафари панҷрӯза дар шаҳри Душанбе сафари худро тавассути водии Вахон ва Бадахшон идома дода, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаранд.
Тибқи нақша онҳо то ибтидои моҳи феврали соли 2019 бояд ба зодгоҳи худ - кишвари Зеландияи Нав баргарданд.