Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои Осиё-2018: Мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс

08.08.2018

: 1343

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс ҷиҳати иштирок дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, муайян шуд.

Мусобиқа оид ба бокс аз 22-31 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 3 категорияи вазнӣ миёни бонувон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 2 вазн миёни мардон ва 2 вазн миёни бонувон ширкат мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан Шуморо бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол, варзиши сабук, кураш, самбо, шиноварӣ, таеквондо, гуштин, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу, вазнбардорӣ ва қайиқронӣ шинос кард. Инак, варзишгарони зерин дар мусобиқа оид ба бокс иштирок мекунанд:

Ғаффорова Мадина (-51кг, бонувон)
Зулқайнарова Шоира (-60кг, бонувон)
Воҳидов Асрор (-56кг, мардон)
Усмонов Баҳодур (-64кг, мардон)

Варзишгаронро дар мусобиқа мураббӣ Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунад.

Варзишгарони тоҷик дар намуди бокс дар Бозиҳои Осиё сазовори 4 медал – 1 медали тилло ва 3 биринҷӣ гардидаанд. Медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов соли 2006 дар Доҳаи Қатар дар вазни 81 кг сазовор шуд. Ӯ, ҳамчунин, соли 2010 дар Гуанжоуи Чин дар вазни 91 кг соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Ду медали дигари биринҷиро Абдусалом Ҳасанов (вазни 54 кг) ва Меҳроҷ Умаров (вазни 48 кг) соли 2002 дар Бусани Корея ба даст овардаанд.

Ин охирин ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 буд. Ҷумҳурии мо дар бозиҳои мазкур дар ҳайати 80 нафар варзишгар аз рӯи 15 намуди варзиш ширкат мекунад.