Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар иштирок мекунад

Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар иштирок мекунад Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар иштирок мекунад Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар иштирок мекунад Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар иштирок мекунад

09.08.2018

: 3243

Имрӯз – 9 август – дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими гусели варзишгарон ба 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор шуд.

Дар чорабинӣ муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов, Аҳтам Абдуллозода, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва варзишгарону мураббиёне, ки ба Бозиҳои Осиё-2018 сафарбар мегарданд, ширкат намуданд.
Дар оғоз роҳбарияти Кумита ҳозиринро бо Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, ки ҳар сол 10-уми август таҷлил мешавад, табрик гуфта, барояшон муваффақият хостанд.
Абдуллозода Аҳтам зимни сухани ифтитоҳӣ аз рушди варзиш дар кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо роҳбарию роҳнамоӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир зиёда аз 10 ҳазор иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Ду соли охир реформаи соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида, фаъолияти федератсияҳои варзишӣ ҷоннок гардид. Бо супориши Пешвои миллат ҳоло мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ байни деҳаҳо роҳандозӣ шуд, ки дар дарёфти чеҳраҳои нави варзиш саҳми арзанда хоҳад гузошт. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб, ки бевосита бо дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои гуногуни варзиш, сафарбар кардани онҳо ба мусобиқаҳо, баргузории чемпионатҳои ҷумҳурӣ кор хоҳад кард, Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи варзиш ва дар шаҳри Душанбе Марказии омодагии дастаҳои мунтахаб таъсис ёфт. Инчунин, бо супориши Пешвои миллат дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе таъсиси 3 маркази дигари омодагии дастаҳои мунтахаб ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло мутахассисон дар таҳияи лоиҳаҳои ин иншоот кор карда истодаанд.  
Шамсулло Соҳибов зимни суханронӣ иброз дошт, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳоло Тоҷикистон ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинад ва то рӯзи ин ҷашни бузурги миллӣ, аз ҷумла сохтмони ҳазорҳо иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Баъд аз чанд соли дигар соҳаи варзиш низ дар баробари дигар соҳаҳо боз ҳам бештар рушд хоҳад кард. “Бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат мо чанд сол аст, ки варзишгаронро ҷиҳати иштирокашон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастгирӣ мекунем ва ин иқдом дар оянда низ идома меёбад. Варзишгарон дар ҳама давру замон номбардору парчамбардори давлату миллатҳо ба ҳисоб мераванд. Аз дастоварди варзишгарон тамоми миллат хурсанд мешавад ва он варзишгарон сазовори эҳтироми хурду калон мегардад. Шумо хушбахтед, ки ин шарафи бузург дар Бозиҳои Осиё-2018 насиби шумо шуд. Бароятон барору муваффақият орзумандам”, - қайд кард Ш. Соҳибов.
Зикр гардид, ки макони Бозиҳои Осиё давлати Индонезия интихоб шуд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ нисбат ба Тоҷикистон дар масофаи дур қарор дорад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, бо супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 100 нафар, аз ҷумла, 80 варзишгарро ба Бозиҳои Осиё сафарбар мекунем. Ба барномаи Бозиҳои Осиё 40 намуди варзиш ворид карда шудааст, ки варзишгарони мо дар 15 намуди он иштирок мекунанд. Аз ҷумла, бори аввал дар таърихи футболи кишвар дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ба бозиҳои мазкур сафарбар мегарданд. Барои сафарбар кардани варзишгарон бори аввал федератсияҳои варзишӣ иқдом карданд, ҳамчунин Бонки миллӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд варзишгаронро ҷиҳати иштирок дар бозиҳо дастгирии молиявӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё иштирок мекунад ва варзишгарони мо сазовори 21 медал, аз ҷумла 4 медали тилло гардидаанд.
Гулосори Суҳроб – варзишгар оид ба каратэ аз номи варзишгарон ба Пешвои миллат, Президенти Кумитаи милли олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои доимии парчамбардорони кишвар изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки барои нишон додани натиҷаҳои баланди варзишӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд.