Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таъсиси Маркази такмили ихтисоси масъулини соҳаи варзиш

07.08.2018

: 134

Дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» таъсис ёфт.

Тавре сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст, дар ин бора аз 31 июли соли 2018, таҳти №358 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Иқдоми мазкур дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оммавигардонии варзиш ва баланд бардоштани маҳорати мураббиёну устодони варзиш, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш амалӣ карда шуд.
Марказ метавонад барои баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёну устодони варзиш, ки дар саросари кишвар ба омода намудани варзишгарон ба мусобиқоти байналмилалӣ заминагузорӣ намуда, ҳамзамон барои омода намудани кадрҳои ҷавон дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш мусоидат намояд.
Ҳамзамон, дар идомаи тадбирҳои андешидашуда дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар Тоҷикистон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сохтори нав - «Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб» таъсис ёфт.