Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад

КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад КМОТ дар Душанбе майдончаи варзишӣ месозад

26.01.2018

: 368

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар маҳаллаи Шафақи шаҳри Душанбе, дар доираи маблағгузории Шӯрои олимпии Осиё, сохтмони майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетболро оғоз кард.

Иқдоми мазкур бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ободкоронаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боз ҳам ободу хуррам гардонидани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе рӯи даст гирифта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ тавассути Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Муҳайё” то ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.
Замине, ки барои сохтмони майдонча ҷудо шудааст, қамишзор буда, наврасону ҷавонони маҳалла дар як гӯшаи он дар шароити номувофиқ ба бозиҳои варзишӣ машғул мешуданд. Баъд аз сохтмони майдончаи варзишӣ барои бозии наврасону ҷавонони маҳал шароит муҳайё гардида, онҳо ба обу тоби бадан машғул мешаванд.
Аҳтам Абдуллозода – муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ дар рӯзи аввал бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, барои бо сифати баланд ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ сохтани майдончаи варзишӣ ба масъулин дастур дод. Кормандони кумитаҳои миллии олимпӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва сокинони маҳаллаи “Шафақ” тасмим гирифтанд, ки барои ободу зебо кардани атрофи майдонча, аз ҷумла шинонидани дарахту ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳо даст ба кор мешаванд.