Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баррасии лоиҳаи ворид намудани тағйирот ба қонунҳои соҳаи варзиш дар МН

23.01.2018

: 634

22 январ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва «Оид баворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз котиботи Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, дар Шӯро зикр гардид, ки ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»  ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳое пешбинӣ шудаанд, ки дар баробари хусусияти таҳрирӣ ва муайянкунанда, ҳамзамон хусусияти танзимкунанда ва мутобиқкунандаро доранд. Аз ҷумла тибқи қонуни нав Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои таъмини амнияти мусобиқаҳои расмии варзишӣ, рафтори мухлисон ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои расмии варзишӣ, стандартҳои давлатии тайёрии варзиширо тасдиқ мекунад.
Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ваколатҳои мақомоти марбутаи давлатӣ такмил дода шуда, риояи ҳатмии стандарти давлатӣ ва таҳияи тамоми барномаҳои тайёрии варзишӣ дар асос ва заминаи он пешбинӣ гардидааст.