26.01.2018
: 1024
Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон бо баргузории конфронси матбуотӣ доир ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчанг-2018 маълумот дод, ки дар он котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо низ ба саволҳои хабарнигорон посух гуфт.
Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон, ҷаноби Ли Вучёл зимни баромадаш қайд кард, ки 9 феврал дар шаҳри Пйончанги Ҷумҳурии Корея маросими ифтитоҳи XXIII Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор мегардад, ки то 25 феврал идома меёбад. Дар бозиҳо наздики 2900 варзишгар аз 90 кишвар иштирок мекунанд. Бозиҳо аз рӯи 15 намуди варзиш ва 102 қувваозмоӣ доир мегардад, ки нисбат ба Олимпиадаи Сочӣ-2014 6 қувваозмоӣ бештар аст.
Сафир қайд кард, ки Ҷумҳурии Корея дар таърихи мавҷудияташ мизбони 4 чорабинии бузурги варзишӣ гаштааст: 1988 – Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Сеул, 2002 – чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, 2011 – чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ва инак Бозиҳои олимпии зимистона.
Ба саволи хабарнигорон дар мавриди иштирок кардан ё накардани тими Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчанг котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ҷавоб дод. Гуфта шуд, ки аз аввали сол бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ тими лижаронии Тоҷикистон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар ҳайати 6 нафар таъсис дода шуда, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани имтиёзҳо сафарбар гардиданд. 4 нафари онҳо аввали сол дар Бозиҳои зимистонаи Осиё, ки дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор шуд, иштирок карда, натиҷаи хуб нишон доданд. Тибқи нақша даста бояд дар 50 мусобиқа иштирок мекарданд, вале бо сабаби номусоидии ҳаво 20 мусобиқа дар ҷумҳуриҳои Покистон, Ҳиндустон ва Эрон доир нагардид, ки боиси холи зарурӣ ба даст наовардани варзишгарони мо шуд. Мутаассифона, Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 иштирок намекунад.
- Аммо ин охири кор нест, - афзуд Абдуллозода М. – 2 варзишгари мо эҳтимол ба Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ роҳхат гиранд.
Вобаста ба ин масъала Сафар Боев – раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон хабар дод, ки ду варзишгари мо бо имконияти маҳдуд дар Ҷумҳурии Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тамрин мекунанд ва рӯзҳои наздик барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ сафарбар мегарданд.