Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФЕДЕРАТСИЯИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪСИС ЁФТ

24.01.2023

: 97

19 январ Маҷлиси умумии Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни ҷаласа вобаста ба таърихи бозиҳои миллии варзишии Точикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, аз ҷумла қайд намуд, ки тоҷикон аз зумраи миллатҳое ҳастанд, ки тавонистанд ҳастии худро маҳз тавассути расму оин, забон, фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ҳифз намуда, аз насл ба насл мерос гузоранд.

“Моро зарур аст, дар баробари доштани имконияти таърихӣ барои эҳё, рушд ва нумуи арзишҳои миллӣ талош намоем. Аз ҷумла масъулини соҳаи варзиш барои эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ бояд ҷидду ҷаҳд намоянд, зеро бозиҳои миллии мо ҷузъи фарҳанг ва таърихи мо буда, дар муқоиса бо бозиҳои миллии дигар миллатҳо хусусиятҳои зеҳнӣ ва тафаккурӣ доранд. Бояд зикр намуд, ки онҳо на танҳо воситаи шуғл ва вақтгузаронӣ мебошанд, балки ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии насли наврас метавонанд таъсири мусбат дошта бошад”, - иброз намуд Раҳмонзода А.

Аз ҷониби дигар иштирокчиён вобаста ба рушди бозиҳои миллии варзишӣ пешниҳодҳо ироа гардиданд, ки яке аз он таъсиси Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон буд.

Дар робита ба ин, бо дарназардошти ҳифзи фарҳанг ва рушди бозиҳои миллӣ аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа якдилона қарор қабул карда шуд, ки Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ президенти федератсия интихоб гардад. Пешниҳодҳо аз ҷониби иштирокчиён якдилона ҷонибдорӣ ёфт.

Дар хотима ҷиҳати мунтазам баргузор намудани фестивали бозиҳои варзишии миллӣ, узви Конфедератсияи ҷаҳонии этноспорт намудани Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ қарорҳо қабул карда шуд.