14.08.2022
: 546
Рӯзи шашуми 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгари тоҷик Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сазовори медали нуқра шуд.
Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа 4 варзишгар ширкат карданд. Екатерина дар ду давр бар варзишгарони Эрон Пагоҳ Кулоҳрудӣ ва Сумайя Мустафовижафарухӣ ғалаба карда, аз варзишгари мизбон Неслихон Каваш мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.
Ин чорум медали ҳайати олимпии Тоҷикистон дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ мебошад. Дар рӯзи чоруми мусобиқот варзишгарони мо 3 медал ба даст оварда буданд. Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук - мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ - бо натиҷаи 7.86 метр сазовори медали нуқра ва дар гуштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.
Бозиҳо то 18 август идома меёбад. Варзишгарони мо дар намудҳои камонварӣ, ҷудо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.
Пас аз натиҷагирии шаш рӯзи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 177 медал (63 тилло, 63 нуқра, 51 биринҷӣ) гардидаанд. Эрон бо 28 медали тилло, 23 нуқра, 27 биринҷӣ (78 медал) дар ҷои дуюм, Узбекистон бо 21 медали тилло, 18 нуқра, 26 биринҷӣ (35 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Тоҷикистон бо 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.