Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДО: АБУБАКР ШЕРОВ ДАР ҶОМИ ОСИЁ САЗОВОРИ МЕДАЛИ НУҚРА ШУД

15.08.2022

: 446

13-14 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) ба хотираи Турар Жолдибаев баргузор шуд.

Дар мусобиқа 154 варзишгар аз шаш давлат ширкат карданд. Тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иборат аз 8 нафар дар ин мусобиқа иштирок карда, танҳо як нафар - Абубакр Шеров дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт.

Абубакр нерусанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, бар варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов, дар чорякниҳоӣ бар ҷудокори дигари мизбон Болат Билол ва нимфинал бар сеюм ҷудокори мизбон Алмас Галимов пирӯз шуд, вале дар финал аз ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон Сунгат Жубаткан бо дарёфти се «шидо» мағлуб ва барандаи медали нуқра гардид.

Варзишгари дигарамон Наврӯз Каримзод дар вазни -73кг ҷои ҳафтумро гирифт.