13.07.2022
: 587
Кумитаи тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ як моҳ қабл аз маросими ифтитоҳ медали бозиҳоро муаррифӣ кард.
5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 9 то 18 августи соли 2022 дар Қунияи Туркия баргузор мешавад. Дар он иштироки варзишгарони 56 кишвари ҷаҳон дар назар аст, ки барои 483 медал дар 24 намуди варзиш талош мекунанд. Аз ҷумла иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар бозиҳо дар назар аст.
Дар рӯи медал ба ғайр аз рамзи бозиҳо нақши гули мерам акс ёфтааст. Гуле, ки дар сояҳои дурахшони зарду норинҷӣ навъҳои гуногун ва бо баргҳои нарму махмалии худ намуди зебо дорад.
«Ситораи Салҷуқӣ» дар атрофи рамз ва нақш печонида шудааст. Ситораи ҳаштгуша рамзи ҳашт дарвозаи осмон аст, ки ҳар як гӯшаи ситора яке аз ҳашт хусусиятҳои гуногунро ифода мекунад. Нақши салҷуқӣ бо ҳашт гӯшаи мухталифаш рамзи шафқат, муҳаббат, сабр, хирад (нигоҳ доштани асрор), саховатмандӣ, садоқат, шукрона ва ростгӯиро ифода мекунад.
Унсури дигаре, ки дар медал нақш ёфтааст, хӯшаи гандум мебошад.
Дар пушти медал нишони Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSF) ва номи бозиҳо мавҷуд аст.