Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО: МУСОБИҚАИ НАВБАТӢ – “ZAGREB GRAND PRIX”

13.07.2022

: 447

Сайри ҷаҳонии ҷудо бо “Zagreb Grand Prix” идома меёбад, ки дар он 8 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд.

Мусобиқа дар шаҳри Загреби Хорватия 15-17 июл ба нақша гирифта шудааст ва дар он иштироки 541 (313 мард, 228 зан) варзишгар аз 71 давлат дар назар аст.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз кишвари мо 8 варзишгар ба Хорватия сафарбар мегарданд:

-60кг | Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-60кг | Муҳаммад Маҳмадизода
-66кг | Шаҳбоз Саидаброров
-66кг | Алиҷон Сафаралиев
-73кг | Наврӯз Каримзод
-81кг | Шодмон Ризоев
-90кг | Ҷаҳонгир Маҷидов
-90кг | Комроншоҳ Устопириён

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 15 июл – мо шоҳиди ҳунари 4 варзишгарамон дар вазнҳои -60кг ва -66кг мегардем. Дар рӯзи дуюм ду варзишгарамон - -73кг ва -81кг, дар рӯзи сеюм низ ду варзишгарамон - -90кг нерӯсанҷӣ мекунанд.

Чун анъана, ба ғолибону ҷоизодорони мусобиқа дар баробари медал ҷоизапулӣ дода мешавад. Дар ҳар вазн ғолибон бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва барандагони медали биринҷӣ бо 1000 евро тақдир мешаванд.