10.05.2022
: 462
Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Дилшод Назаров ва котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо дар ҷашни 30-солагии таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Узбекистон ширкат карданд.
Ҷашни 30-солагии таъсиси Кумитаи миллии олимпии Узбекистон 6-уми май дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои варзишии байналмилаливу қоравӣ, аз ҷумла Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё ширкат карданд.
Роҳбарияти КМО Тоҷикистон дар доираи ин сафар, ба хотири рушди варзиш ва ҳаракати олимпии кишвар, тақвияти робитаҳои дӯстона бо дигар ташкилотҳо як қатор вохӯриҳо гузрониданд.