10.05.2022
: 437
Дар Скопйеи Македонияи Шимолӣ мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА ба анҷом расид, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов мақоми дуюмро сазовор шуд.
Дар мусобиқа наврасони Тоҷикистон се бозӣ анҷом доданд. Дастпарварони Зайниддин Раҳимов ҳамсолони худро аз Ҳондурас (3:1) шикаст дода, аз тимҳои Македонияи Шимолӣ (вақти асосӣ – 3:3, дар пеналтӣ – 4:5) ва Косово (вақти асосӣ – 0:0, аз рӯи пеналтӣ – 3:4) мағлуб шуданд.
Дар натиҷа мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) панҷ хол ба даст овард. Ғолиби мусобиқа дастаи Косово (6 хол) гардид. Зинаи сеюми ифтихориро мунтахаби Македонияи Шимолӣ (4 хол) соҳиб шуд.
Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи пеналтӣ – 5:4
Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.
Косово – Ҳондурас – 2:0
Даври 2
Ҳондурас – ТОҶИКИСТОН – 1:3
Голҳои Тоҷикистон: Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров.
Македонияи Шимолӣ – Косово – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3
Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Косово – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:4
Македонияи Шимолӣ – Ҳондурас – 0:1