Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ КМОТ ДИЛШОД НАЗАРОВРО БО ЗОДРӮЗ ШОДБОШ МЕГӮЕМ

06.05.2022

: 450

Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров 6-уми май ба синни 40 расид.

Аҳли кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Ҷамолиддиновичро ба муносибати солгарди умр шодбош гуфта, барояш, қабл аз ҳама умри дароз, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонро таманно дорем.

Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, аз моҳи январи соли 2014 то январи соли 2022 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон (аз соли 2017 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш) фаъолият кардааст.

Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Барои дастовардҳои намоёни варзишӣ ва рушди соҳаи варзиш 28 августи соли 2015 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи II ва 22 августи соли 2016 барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардидааст.

Дилшод Назаров иштирокчии Бозиҳои олимпии Афина-2004, Пекин-2008, Лондон-2012 ва Рио-де-Жанейро-2016 мебошад.

Чемпиони Бозиҳои олимпӣ-2016, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-Пекин-2015, барандаи 3 медали тилло ва медали нуқраи Бозиҳои Осиё, 5 карат чемпиони Осиё, ғолиби аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аст.