Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-16) БАР ТИМИ ҲОНДУРАС

06.05.2022

: 455

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки дар Скопйе (Македонияи Шимолӣ) ҷараён дорад, бар тими Ҳондурас бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Голҳоро дар ҳайати мунтахаби мо Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев ва Масрур Ғафуров заданд.

Дар вохӯрии дигари мусобиқа наврасони Македонияи Шимолӣ бар тими Косово дар силсилаи пеналтӣ (вақти асосӣ – 1:1, пеналтӣи – 4:3) ғалаба карданд.

Қаблан дар бозии аввал мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз тими Македонияи Шимолӣ дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра (3:3, 4:5) шикаст хӯрда буд.

Баъди ду даври мусобиқа се даста – Тоҷикистон, Македонияи Шимолӣ ва Косово чорхолӣ ба даст оварданд. Тибқи низомнома дар мусобиқа барои пирӯзӣ дар вақти асосӣ 3 хол, барои ғалаба дар зарбаҳои пеналтӣ 2 хол ва барои мағлуб шудан дар пеналтӣ 1 хол дода мешавад.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 8 май бо ҳамсолони худ аз Косово бозӣ мекунад. Бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи пеналтӣ – 5:4
Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.

Косово – Ҳондурас – 2:0

Даври 2
Ҳондурас – ТОҶИКИСТОН – 1:3
Голҳои Тоҷикистон: Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров.

Македонияи Шимолӣ – Косово – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

Даври 3
8 май (якшанбе)
14:00 – Македонияи Шимолӣ – Ҳондурас
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.