Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОНИ КЕНИЯ ВА ЭФИОПИЯ – ҒОЛИБОНИ XII НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ

ВАРЗИШГАРОНИ КЕНИЯ ВА ЭФИОПИЯ – ҒОЛИБОНИ XII НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ ВАРЗИШГАРОНИ КЕНИЯ ВА ЭФИОПИЯ – ҒОЛИБОНИ XII НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ ВАРЗИШГАРОНИ КЕНИЯ ВА ЭФИОПИЯ – ҒОЛИБОНИ XII НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ ВАРЗИШГАРОНИ КЕНИЯ ВА ЭФИОПИЯ – ҒОЛИБОНИ XII НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ

16.04.2022

: 534

16 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон XII Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор шуд.

Дар мусобиқа дар баробари давандҳои Тоҷикистон, ҳамчунин варзишгарону дӯстдорони дав аз беш аз 15 давлат ширкат карданд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло варзишгарону меҳмононро хайрамақдам гуфта, барояшон муваффақият хостанд.

Қайд шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин фароҳам омадани шароити зарурӣ имрӯз Душанбе мизбони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гардидааст. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз мо Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, Чемпионати Осиё оид ба курашро дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардем ва инак 12-ум Ниммарафони байналмилалии Душанберо доир мекунем.

Мусобиқа аз соли 2010 ҳар сол ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, оммавияти варзиш, ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ, солимии ҷомеа ва дӯстии миллатҳо баргузор мешавад.

Ниммарафони байналмилалии Душанбе соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид шудааст, ки имкон медиҳад шумораи иштирокчиён аз давлатҳои гуногун сол то сол афзоиш ёбад.

Фонди ҷоизаҳои 12-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе 446160 сомониро ташкил медиҳад. 6-гонаи аввал ҳам миёни мардҳо, ҳам миёни бонувон бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ғолибону ҷоизадорони 12-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе:

Бонувон
1. Течу Бекелу Абебе (Эфиопия), 1:16.07
2. Нҷау Мари Венчуи (Кения), 1:18.39
3. Гулшанай Саттарова (Қирғизистон), 1:20.42
4. Екатерина Тунгушкова (Узбекистон), 1:22.13
5. Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон), 1:33.23
6. Зулҳиҷҷа Ғаффорзода (Тоҷикистон), 1:33.41

Мардҳо
1. Тоо Лазарус (Кения), 1:05.39
2. Ҷирма Тилаҳун (Эфиопия), 1:06.43
3. Шафар Виталий (Украина), 1:07.08
4. Нурсултон Кемшибеков (Қирғизистон), 1:07.28
5. Шоҳрух Давлатов (Узбекистон), 1:08.34
6. Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон), 1:14.15