Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024: СИСТЕМАИ ИНТИХОБИИ КАМОНВАРӢ

15.04.2022

: 403

Мусобиқа оид ба камонварӣ (World Archery) бори аввал дар Бозиҳои олимпии Париж-1900 доир гашт ва то соли 1920 дар Антверпен идома ёфт (ба ғайр Бозиҳои олимпии Стокҳолм-1912). Баъдан ин намуд соли 1972 дар Олимпиадаи Мюнхен ба барномаи бозиҳо барқарор карда шуд ва то имрӯз намуди олимпист. Рақобатҳо миёни мардон ва занон дар алоҳидагӣ доир мегарданд (ба ғайр аз бозиҳои солҳои 1900 ва 1920, ки фақат мардон ширкат карда буданд).

Дар доираи Бозиҳои олимпии Париж-2024 камонварӣ аз рӯи 5 мусобиқа миёни мардон (инфиродӣ, даставӣ), бонувон (инфиродӣ, даставӣ) ва сабқати омехтаи даставӣ сурат мегирад.

Варзишгарони тоҷик соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Наргис Набиева) ва Бозиҳои олимпии Пекин-2008 (Албина Камолиддинова) иштирок кардаанд. Вале қаблан камонвари маъруфи кишвар Зебинисо Рустамова соли 1976 дар Бозиҳои олимпии Монтреал, дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла камонварӣ ворид гардидааст.

Дар намуди камонварӣ ҳамагӣ 128 варзишгар (64 нафар миёни мардон, 64 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи олимпӣ 6 нафар (3 мард, 3 зан) имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро доранд.

Барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ, ҳамаи варзишгарон, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квотаи Комиссияи сеҷониба ширкат мекунанд, бояд дар муҳлати аз рӯзи 1-уми Чемпионати ҷаҳон оид ба камонварӣ-2023 то 28 июни соли 2024 холҳои ҳадди ақали интихобиро ба даст оварда бошанд – мардҳо – 640 хол, бонувон - 610 хол дар масофаи 70 метр даври олимпӣ.

118 нафар тариқи роҳхати мустақим, 6 варзишгари кишвари мизбон ва 4 нафар тариқи квотаи универсалӣ ба Париж сафарбар мегарданд.

Роҳхатҳои мустақим даставӣ ва инфиродӣ тақсим мешавад. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба камонварӣ-2023 3 тим аз рӯи ҷинс (18 нафар), дар чемпионатҳои қоравии Амрико, Аврупо ва Осиё 3 тим аз рӯи ҷинс (18 нафар), дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ 3 тим аз рӯи ҷинс (18 нафар) ва тариқи радабандии Созмони камонварии ҷаҳонӣ 2 тим аз рӯи ҷинс (12 нафар) соҳиби роҳхат мешаванд. Дар бозиҳои қоравӣ (5 қора) ба 1 тими мардон ва 1 тими бонувон роҳхат ҷудо мегардад. Ҳамчунин, дар ҳамин мусобиқаҳо ба варзишгароне, ки соҳиби роҳхати даставӣ нашуданд, ба таври инфиродӣ роҳхат дода мешавад.

Ба кишвари мизбон 6 квота (3 мард, 3 зан) ҷудо карда мешавад. 4 ҷой (2 мард, 2 зан) тариқи квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба муайян мегардад.

Мусобиқаи камонварӣ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 5
Мардон – 2 (инфиродӣ ва даставӣ)
Бонувон – 2 (инфиродӣ ва даставӣ)
Тими омехта

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 64
Бонувон - 64
Ҳамагӣ – 128

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхати мустақим – 118
Квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба - 4
Квота барои кишвари мизбон – 6
Ҳамагӣ – 128

Мусобиқаҳои интихобӣ
10-25 сентябри соли 2022
19-ум Бозиҳои Осиё. Ҳангжоу, Чин

01.04.2023-15.06.2024
Давраи иҷрои меъёри ҳадди ақали интихобӣ

28.07 – 06.08.2023
Чемпионати ҷаҳон оид ба камонварӣ. Берлин, Олмон

Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё

Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ