Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ: “ИСТИҚЛОЛ” АЗ “ШАРҶА” ҲАМ ШИКАСТ ХУРД

12.04.2022

: 410

Чемпиони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бoхти дуюмашро таҷриба кард.

Дар бозии даври дуюми гурӯҳи «А» муқобили тими “Шарҷа”-и АМА дастаи шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 пешсаф буд. Вале баъдан бартариро аз даст доду бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Дар ҳайати «Истиқлол» голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов зад.

«Истиқлол» бозии навбатии худро дар мусобиқаи пурнуфуз байни клубҳои қораи Осиё рӯзи 15 апрел бо пешсафи гурӯҳи «А», тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки пайиҳам ду пирӯзӣ ба даст овард, анҷом медиҳад.

Пас аз натиҷагирии ду давр “Ал Ҳилол” бо шаш хол пешсаф аст. “Шарҷа” ва “Ал Райян” бо сехолӣ дар ҷойҳои дуюуму сеюм мавқеъ доранд. “Истиқлол” бе хол дар ҷои чорум аст.