Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

XII НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕШАВАД

12.04.2022

: 596

16 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон XII Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 611530 сомонӣ ҷудо гардид.

XII Ниммарафони байналмилалии Душанбе соати 09:00-и рӯзи 16-уми апрел оғоз гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон ширкат мекунанд.

Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Имсол низ барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва шаҳрҳои дӯсту ҳамкор даъват шудаанд. Ҳамчунин имсол наврасон низ имкони иштирок дар мусобиқаро доранд. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе наврасони 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12-сола дар масофаи 5 км ва 12-15-сола дар масофаи 8 км сабқат мекунанд.

Фонди ҷоизаҳои Ниммарафони Душанбе имсол 446160 сомониро ташкил медиҳад. 6-гонаи аввал ҳам миёни мардҳо, ҳам миёни бонувон бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегарданд:

Ҷои 1: 54600 сомонӣ
Ҷои 2: 46800 сомонӣ
Ҷои 3: 39000 сомонӣ
Ҷои 4: 31200 сомонӣ
Ҷои 5: 28080 сомонӣ
Ҷои 6: 23400 сомонӣ