Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: ДАВРИ ДУЮМ ҶАМЪБАСТ ШУД

11.04.2022

: 420

Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар чор бозӣ ҳамагӣ 8 гол зада шуд. Бозии аз ҳама натиҷаовар дар Истаравшан ба қайд гирифта шуд, ки “Файзканд” бар “Эсхата” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дар бозии дигар дар маркази вилояти Суғд “Хуҷанд” ба дарвозаи тими нави лигаи олӣ – “Равшан”-и Зафаробод 3 голи беҷавоб зад. Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” - “Хатлон” бидуни гол (0:0) анҷом ёфт. Дар бозии ниҳоӣ тими КМВА бар дастаи “Регар-ТадАЗ” ғалаба кард – 1:0.

Даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ 16-17 апрел доир мегардад. Шанбе “Файзканд” бо “Хуҷанд”, “Регар-ТадАЗ” бо “Равшан” (Кӯлоб), якшанбе “Хатлон” бо “Эсхата” ва “Равшан” (Зафаробод) бо КМВА вомехуранд.