Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БАҲОДУР УСМОНОВ ДАР “GEEBEE BOXING TOURNAMENT-2022”

МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БАҲОДУР УСМОНОВ ДАР “GEEBEE BOXING TOURNAMENT-2022” МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БАҲОДУР УСМОНОВ ДАР “GEEBEE BOXING TOURNAMENT-2022”

11.04.2022

: 579

Варзишгари маҳбуби кишвар Баҳодур Усмонов дар 40-ум Мусобиқаи байналмилалии бокс дар Финландия ба хотираи Гуннар Барлунд, ки бо тахаллуси GeeBee маъруф аст, сазовори медали тилло шуд.

Мусобиқа 7-10 апрел дар шаҳри Хелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина баргузор шуд.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда (дар даври аввал озод буд), бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Дар нимфинал ҳарифаш аз Венгрия Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуд. Сипас, Баҳодур дар финал бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирӯз гардида, сазовори медали тилло шуд.

Мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament-2022” аз соли 1982 баргузор мешавад. Имсол муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифт.