Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: АБДУРАҲИМ ЁҚУБОВ НИЗ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ “НУҚРА” ГИРИФТ

БОКС: АБДУРАҲИМ ЁҚУБОВ НИЗ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ “НУҚРА” ГИРИФТ БОКС: АБДУРАҲИМ ЁҚУБОВ НИЗ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ “НУҚРА” ГИРИФТ БОКС: АБДУРАҲИМ ЁҚУБОВ НИЗ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ “НУҚРА” ГИРИФТ БОКС: АБДУРАҲИМ ЁҚУБОВ НИЗ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ “НУҚРА” ГИРИФТ

15.03.2022

: 560

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун бо муҳорибаҳои ҷавонон дар даври финал ба анҷом расид.

Дар финали ҷавонон як варзишгари мо – Абдураҳим Ёқубов дар вазни -60кг муҳориба карда, ҷои дуюмро ишғол намуд. Ӯ аз ҳарифи қирғистониаш Алмаз Орозбеков бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.

Абдураҳим то ба финал расидан дар се муҳориба муқобили варзишгарони Тайланд (Паочанзуек Фиси), Ҳиндустон (Рудра Пратап Сингҳ), Узбекистон (Суҳроб Аминов) дастболо шуда буд.

Миёни ҷавонон се варзишгари дигарамон - Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Варзишгаронамон миёни наврасон низ 4 медал ба даст оварданд: Анӯшервон Фозилов (-46кг) медали нуқра, Ҳангома Исоева (-57кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) медали биринҷӣ.

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон 2 март дар шаҳри Аммони Урдун оғоз гардида буд. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок карданд.

Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд ва бо 8 медал – 2 нуқра, 6 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд.