Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТБОЛ: БОЗИҲОИ РАФИҚОНАИ ТИМИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БО КУВАЙТ, УРДУН ВА АФҒОНИСТОН

14.03.2022

: 434

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев, дар Туркия ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия, ки аз 19 то 31 март баргузор мешавад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон се бозии рафиқона анҷом медиҳад.

Аввалин ҳарифи футболбозони мо тими олимпии Кувайт мебошад. Дидори дастаҳо 23-юми март баргузор мешавад. Дар бозии дуюм дар Анталия мунтахаби олимпии Тоҷикистон рӯзи 26-уми март бо ҳамсолонашон аз Урдун бозӣ мекунанд. Шогирдони Мубин Эргашев бозии ниҳоии рафиқонаро рӯзи 29-уми март бо тими миллии Афғонистон анҷом медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи “D” баромад мекунад. Ҳарифони дастаи мо дастаҳои мунтахаби олимпии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷопон хоҳанд буд.

Бозиҳои санҷишӣ

23 март (чоршанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-23) – Кувайт (U-23)

26 март (шанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-23) - Урдун (U-23)

29 март (сешанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-23) – Дастаи мунтахаби Афғонистон