17.02.2022
: 586
Дар шаҳри Тошканди Узбекистон қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) баргузор шуд, ки ҳарифони мунтахаби олимпии Тоҷикистон муайян гардид.
Дар натиҷаи қуръакашӣ дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки 1-19 июн дар Узбекистон баргузор мешавад, 16 даста ба 4 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд. Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, АМА ва Ҷопон бозӣ мекунад.
Аз ҳар гурӯҳ ду даста мусобиқаро барои ба даст овардани медалҳо идома медиҳанд. Дар сурате ки тими олимпии Тоҷикистон ба ¼-финал роҳхат гирад, бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия – вомехурад.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):
Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Эрон, Қатар, Туркменистон.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Ироқ, Кувайт.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, АМА, Ҷопон, ТОҶИКИСТОН.