15.02.2022
: 648
15 феврал дар ҳузури ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров масъалаи рушди намуди волейбол дар кишвар баррасӣ шуд.
Дар суҳбат котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов ва сармураббиёну мураббиёни дастаҳои мунтахаби волейбол ширкат карданд.
Зимни суҳбат, аз ҷумла масъалаи баргузории мусобиқаҳои волейбол дар соли 2022 ва иштироки дастаҳои мунтахаби волейбол дар мусобиқаҳои қитъавию минтақавӣ ибрози назар карда шуд.