Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО: ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ГРАНД СЛАМИ ТЕЛАВИВ ШИРКАТ МЕКУНАНД

15.02.2022

: 533

17-19 феврал мусобиқаи навбатӣ аз силсилаи мусобиқоти ҷудои ҷаҳонӣ – Гранд Слами Тел Авив баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқа 309 варзишгар (170 мард, 139 зан) аз 34 давлат ширкат мекунанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст, ки кишвари моро дар ин мусобиқа 4 варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

Дар асоси барномаи мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев рӯзи дуюм (18 феврал), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов рӯзи сеюм (19 феврал) гуштин мегиранд.

Чун анъана варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, соҳиби ҷоизапулӣ низ мешаванд: барои ҷои аввал 3000 евро, ҷои дуюм 2000 евро ва ҷои сеюм 1500 евро.

Ин сеюм мусобиқаи сатҳи баланд дар соли равон мебошад. Қаблан Гран Прии Португал ва Гранд Слами Париж доир гардиданд, ки дар онҳо Комроншоҳ Устопириён ширкат намуда, дар Португал медали биринҷӣ гирифт.