Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ШИНОВАРӢ ДУЮМБОРА БА ТАЪХИР АФТОД

25.01.2022

: 466

Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обиро дар Фукуока бо далели пандемияи COVID-19 то соли 2023 мавқуф гузошт.

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши обӣ бояд соли 2021 баргузор мешуд, аммо ба хотири пешгирӣ аз бархурд бо Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2020 дар Токио ба таъхир андохта шуд.

Мушкилоте, ки аз варианти “Omicron”-и COVID-19 ба вуҷуд омадааст, боиси он гардид, чорабинӣ, ки аз 13 то 29 май ба нақша гирифта шуда буд, дубора мавқуф гузошта шавад.

Раиси шаҳри Фукуока Соичиро Такашима гуфт: "Вақте мо дар бораи шиноварон ва мухлисоне, ки мусобиқаро бесаброна интизор буданд, фикр кунем, воқеан таассуфовар аст. Мо омодагиамонро то як соли дигар идома медиҳем".

Президенти Федератсияи шиноварии Русия Владимир Салников, узви бюрои FINA, ба хабаргузории расмии Русия “ТАСС” гуфтааст, ин чорабинӣ акнун дар соли 2023 баргузор мешавад.

Ба иттилои “swimchannel.net”, акнун интизор меравад, Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши обӣ моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Фукуокаи Ҷопон баргузор шавад.

Чемпионати охирин соли 2019 дар шаҳри Кванҷуи Кореяи Ҷанубӣ доир гардида буд.

Тибқи гузоришҳо, тағйир додани ҷадвали охирин боиси он мегардад, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ-2023 дар Доҳа ба моҳи январи соли 2024 мегузарад.

Агар ин иқдом тасдиқ шавад, ин чорабинӣ дар пойтахти Қатар аввалин нашри ин чорабинӣ хоҳад буд, ки дар як сол бо Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Париж-2024) баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки дар давоми чанд рӯзи оянда эълон дар бораи як чорабинии алтернативӣ, ки ба варзишгарон имкони рақобат дар сатҳи баландро медиҳад, нашр шавад.

Ҳодисаҳои COVID-19 дар Ҷопон аз соли нав ба таври назаррас афзоиш ёфт. Айни замон дар ин кишвар ба ҳисоби миёна дар як рӯз беш аз 40 000 ҳолати нав ба қайд гирифта мешавад, ки баландтарин пас аз оғози пандемия мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар Ҷопон 2,18 миллион ҳолати гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва беш аз 18 500 нафар фавтидаанд.