Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАБРИКОТИ ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ БА ПРЕЗИДЕНТИ КМО ТОҶИКИСТОН

21.01.2022

: 586

Ба муносибати маротибаи навбатӣ ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоби аъзои нави Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистоназ ҷумла ноибони Президент Раҳмонзода Абдулло ва Назаров Дилшод, котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо аз ташкилотҳои гуногуни ҳаракати олимпӣ номаҳои табрикӣ ворид мегарданд.

Аз ҷумла дар паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ унвонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, табрикоти самимии маро ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 дар Ассамблеяи генералӣ, ки 28 декабри соли 2021 баргузор гардид, қабул фармоед.

Итминон дорам, ки боварии бори дигар ба Шумо - Ҷаноби Олӣ аз ҷониби Ассамблеяи генералӣ барои пешбурди минбаъда ва рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург хоҳад дошт.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шарики бузурги Шӯрои олимпии Осиё буда, боварӣ дорам, ки аз нав интихоб шудани Шумо ин дӯстиро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад.

Ба Шумо дар корҳоятон барору комёбӣ таманно дорам ва ман шуморо ба дастгирӣ ва дӯстии доимии Шӯрои олимпии Осиё бовар мекунонам”.