03.12.2021
: 534
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Барномаи “Арзишҳои олимпӣ – ташаббусҳо”-и Ҳамбастагии олимпиро миёни хонандагони 10 муассисаи таҳсилоти умумии пойтахт дар ду давра амалӣ кард.
Бо ин мақсад дар навбати аввал 17-21 ноябр дар қароргоҳи Кумита семинари омӯзишӣ барои муаллимони тарбияи ҷисмонии 10 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Мутахассисони Кумита дар мавзуъҳои гуногун – “Ҳаракати олимпии ҷаҳон ва Тоҷикистон”, “Бунёдгузори Бозиҳои олимпӣ”, “Арзишҳои олимпӣ” ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуданд. Онҳо ҳамчунин дар Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” бо дастоварди варзишгарони тоҷик шинос шуда, соҳиби сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гардиданд.
Баъдан, дар марҳилаи дуюм, муаллимон дар мактабҳо бо хонандагон доир ба мавзуъҳои гуногуни ҳаракати олимпӣ машғулиятҳо гузаронида, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор намуданд.
Мутахассисони КМО Тоҷикистон ба ин муассисаҳо рафта, бо хонандагон саволу ҷавоб карданд ва дар доираи лоиҳа ба мактабҳо дастурамали омӯзишӣ, лавозимоти варзишӣ ва маводи дафтардорӣ тақдим намуданд. Тавсия дода шуд, ки дар машғулиятҳои фанни тарбияи ҷисмонӣ дар васли сармо аз дастурамал истифода баранд, то хонандагон доир ба ҳаракати олимпӣ, тарзи ҳаёти солим ва зиндагии шосита тавассути варзиш маълумоти бештар дошта бошанд.