Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД

01.12.2021

: 833

Дар шаҳри Бейрути Лубнон 2-5 декабр Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он ҷудочиёни тоҷик низ ширкат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар чемпионат миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар чемпионат миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлати қора ширкат мекунанд.

Аз ҷумҳурии мо ба мусобиқаи наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар) ва ба мусобиқаи ҷавонон 9 нафар писар сафарбар гардиданд.

Қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-3 декабр ва миёни ҷавонон 4-5 декабр доир мегарданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни наврасон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё/Уқёнус-2021:
-50кг - Ҷасур ЛУТФИШОЕВ
-52кг - Меҳрона МАҲМАДЗОДА
-60кг - Сируш ЭРКАЕВ
-66кг - Муҳаммад ЮСУФЗОДА
-73кг - Сунатулло МУСОЕВ
-90кг - Сомонӣ КИШВАРОВ
+90кг - Парвиз АБДУРАҲМОНОВ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни ҷавонон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё/Уқёнус-2021:
-66кг - Хурсандқул КУГАНОВ
-66кг - Абубакр ШЕРОВ
-73кг - Муҳаммадиқбол ТОШОВ
-73кг - Масъуди АҲМАДЗОД
-81кг - Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ
-81кг - Шодмон РИЗОЕВ
-81кг - Раҳматулло МИРЗОЕВ
-100кг - Мансур РАҲМОН
+100кг - Давлатҷон НАЗРИЕВ