Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

3 МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР “ABU DHABI GRAND SLAM 2021”

3 МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР “ABU DHABI GRAND SLAM 2021” 3 МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР “ABU DHABI GRAND SLAM 2021” 3 МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР “ABU DHABI GRAND SLAM 2021” 3 МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР “ABU DHABI GRAND SLAM 2021” 3 МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР “ABU DHABI GRAND SLAM 2021”

29.11.2021

: 623

Паҳлавонони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam” сазовори се медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ – гардиданд.

Мусобиқа 26-28 ноябр дар шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё доир гашт.

Аз ҷумҳурии мо 10 нафар ба Абу Даби сафарбар гардиданд:

-60кг - Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ
-66кг - Алиҷон САФАРАЛИЕВ
-66кг - Баҳром СУФИЕВ
-73кг - Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ
-73кг - Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-81кг - Ҳақназар НАЗАРОВ
-81кг - Хушвақт ИДИЕВ
-90кг - Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-90кг - Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
+100кг - Темур РАҲИМОВ

Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовор шуд.

Комроншоҳ дар даври аввал бар намояндаи Британияи Кабир Ҷамал Петгрев, дар чорякфинал бар варзишгари Амрико Ҷон Ҷайне дар нимфинал бар намояндаи Қирғизистон Эрлан Шеров пирӯз шуда, дар финал аз варзишгари Россия Мансур Лорсанов мағлуб ва ҷои дуюмро ишғол кард.

Ҷаҳонгир дар даври аввал бар намояндаи Канада Моҳаб Элнаҳас ғолиб шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Узбекистон Давлат Бобонов, ки низ медали биринҷӣ гирифт, мағлуб гардид. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Франсиско Баланта (Колумбия) ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар Эрлан Шеров (Қирғизистон) дастболо шуд.

Темур дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм варзишгари Шведсия Эмил Меттсонро шикаст дод, вале дар чорякфинал аз Евгений Балйевскийи украинӣ мағлуб гардид. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар Мартти Пумалайнен аз Финландия ва дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм бар Валерий Эндовитский аз Россия дастболо шуд.

Варзишгари дигари маъруфи кишварамон Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ҷои панҷумро гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм бар Ҷас Месилосек аз Словения дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз Ҳикматулло Тураеви узбекистонӣ, ки ҷои дуюмро гирифт, мағлуб гардид. Сомон сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Казбек Нагучевро аз Россия мағлуб намуда, дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари дигари Россия Армен Агаян шикаст хурд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА тақдим гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аввали моҳ (5-7 ноябр) паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра гардида буд.