25.11.2021
: 741
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Рушди варзишгарони ҷавон”-и Ҳамбастагии олимпӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Бохтар ва Кӯлоб аз 20 то 24 ноябр наврасонро ба машғулиятҳои омӯзишиву амалии варзиши сабук ҷалб кард.
80 варзишгари наврас дар шаҳрҳои мазкур доир ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаракати олимпӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпии наврасон, Бозиҳои олимпӣ, дастгирии варзишгарон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, допинг ва ғайра маърӯзаҳо шунида, бо қоидаву усулҳо ва равияҳои гуногуни варзиши сабук дар машғулиятҳои амалӣ ошно гардиданд.
Мақсад аз амалӣ намудани барнома пайдо намудани наврасону ҷавонони боистеъдод аз миёни варзишгарон, сайқал додани маҳорату малакаи варзишӣ ва омода кардани онҳо ба Бозиҳои олимпии наврасон, ҳамзамон ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар ин бозиҳо мебошад.
Бозиҳои навбатии олимпии наврасон соли 2026 дар шаҳри Дакари Сенегал баргузор хоҳад шуд. Ба барномаи бозиҳо 35 намуди варзиш ворид гардидааст.
Дар анҷом ба варзишгарони ҷавон сертификати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим карда шуд.