Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КМОТ ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОНРО БА МАШҒУЛИЯТҲО ФАРО МЕГИРАД

КМОТ ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОНРО БА МАШҒУЛИЯТҲО ФАРО МЕГИРАД КМОТ ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОНРО БА МАШҒУЛИЯТҲО ФАРО МЕГИРАД КМОТ ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОНРО БА МАШҒУЛИЯТҲО ФАРО МЕГИРАД КМОТ ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОНРО БА МАШҒУЛИЯТҲО ФАРО МЕГИРАД КМОТ ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОНРО БА МАШҒУЛИЯТҲО ФАРО МЕГИРАД КМОТ ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОНРО БА МАШҒУЛИЯТҲО ФАРО МЕГИРАД

22.11.2021

: 613

Дар доираи Барномаи “Рушди варзишгарони ҷавон”-и Ҳамбастагии олимпӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар чор шаҳри ҷумҳурӣ наврасонро ба машғулиятҳои омӯзишиву амалии варзиши сабук ҷалб мекунад.

Машғулиятҳоро бо 80 варзишгари наврас дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Бохтар ва Кӯлоб мутахассисони Кумитаи миллии олимпӣ ва мураббиёни варзиши сабук мегузаронанд.

Мақсад аз амалӣ намудани барнома пайдо намудани наврасону ҷавонони боистеъдод аз миёни варзишгарон, сайқал додани маҳорату малакаи варзишӣ ва омода кардани онҳо ба Бозиҳои олимпии наврасон, ҳамзамон ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар ин бозиҳо мебошад.

Бозиҳои навбатии олимпии наврасон соли 2026 дар шаҳри Дакари Сенегал баргузор хоҳад шуд. Ба барномаи бозиҳо 35 намуди варзиш ворид гардидааст. Варзишгарони ҷавон дар баробари 28 намуди асосии олимпӣ, инчунин дар намудҳои брекданс, скейтбозӣ, шӯхпаймоии варзишӣ, каратэ-до, мавҷбозӣ, бейсбол ва ушу мусобиқа мекунанд.

Машғулиятҳо бо варзишгарони наврас 20 ноябр шурӯъ шуд ва то 25 ноябр идома меёбад.