Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021: БОЗИИ ТОҶИКИСТОН БО ЭРОН МУСОВӢ ШУД

22.11.2021

: 557

Дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ҷараён дорад, тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) бо ҳамсолонашон аз Эрон мусовӣ бозӣ карданд - 1:1.

Ба голи задаи Алӣ Раҳмоннажоди эронӣ футболбози тими мо Абубакр Сулаймонов бо гол ҷавоб дод.

Бозии дигари давр миёни дастаҳои наврасони Қирғизистон ва Тоҷикистон низ мусовӣ анҷом ёфт – 2:2.

Баъд аз натиҷагирии ду даври чемпионат дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон бо 4-холӣ пешсафанд.

Дар даври ҷамъбастӣ 23 ноябр мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон вомехуранд. Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 15:00 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Чемпионати CAFA-2021 миёни мунтахабҳои наврасон (U-15)

1-ум давр

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 5:0
Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 5 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 11 (2:0). Амирхон Ҷалолов, 47 – аз пеналтӣ (3:0). Азиз Зарифӣ, 70 (4:0). Билол Бобоев, 78 (5:0).

Узбекистон – Эрон – 2:3

2-юм давр

Эрон – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голҳо: Алӣ Раҳмоннажод, 7 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 17 – аз пеналтӣ (1:1).

Қирғизистон – Узбекистон – 2:2

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    ТОҶИКИСТОН        2  1  1  0  6-1  4
 2  Эрон  2  1  1  0  4-3  4
 3  Узбекистон  2  0  1  1  4-5  1
 4  Қирғизистон  2  0  1  1  2-7  1

3-юм давр
23 ноябр (сешанбе)

12:00. Эрон – Қирғизистон

15:00. ТОҶИКИСТОН – Узбекистон