Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТЕМУР РАҲИМОВ – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ “BAKU GRAND SLAM”

ТЕМУР РАҲИМОВ – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ “BAKU GRAND SLAM” ТЕМУР РАҲИМОВ – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ “BAKU GRAND SLAM”

08.11.2021

: 587

Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра шуд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ 5-7 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд. Дар мусобиқа 195 варзишгар (128 мард, 67 зан) аз 29 давлат иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо шаш варзишгар ба ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ сафарбар гардиданд: Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ (-73кг), Хушвақт ИДИЕВ, Ҳақназар НАЗАРОВ (-81кг), Амирҷони НАСИМҶОН, Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (-90кг), Темур РАҲИМОВ (+100кг).

Темур Раҳимов дар вазни +100кг рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар Тиаго Палмини аз Бразил ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле аз Олмон ғалаба карда, дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуда, ҷои дуюмро сазовор гардид. Дар ин вазн медалҳои биринҷиро Ушангӣ Кокаурӣ аз Озарбоҷон ва Тсетсентсенгел Одхуу аз Муғулистон гирифтанд.

Муҳаммадраҳим Сарахонов бошад, ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ӯ дар вазни -73кг дар рақобати аввалаш дар даври дуюм бар Виктор Степру аз Молдова пирӯз шуда, дар чорякфинал аз намояндаи Олмон Лукас Веннеколд ва дар рақобати тасаллобахш аз варзишгари Россия Аюб Хажалиев шикаст хурд.

Дигар варзишгаронамон дар рақоабти аввалашон аз ҳарифон мағлуб шуданд.