Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

РОҲБАРИЯТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗИ ДУШАНБЕ ИНТИХОБ ШУД

РОҲБАРИЯТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗИ ДУШАНБЕ ИНТИХОБ ШУД РОҲБАРИЯТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗИ ДУШАНБЕ ИНТИХОБ ШУД РОҲБАРИЯТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗИ ДУШАНБЕ ИНТИХОБ ШУД РОҲБАРИЯТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗИ ДУШАНБЕ ИНТИХОБ ШУД

06.11.2021

: 562

6 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, дар аввал ҳисоботи раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе Саидамиров Сайдулло ва комиссияи тафтишотӣ дар чорсолаи гузашта шунида шуд.

Қайд гардид, ки давоми чорсолаи гузашта мусобиқаҳои федератсия тибқи тақвим доир гардиданд. Муҳимтарин дастоварди варзишгарон медали биринҷии Бозиҳои ИДМ мебошад, ки 4-11 сентябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия доир шуд. Аминҷон Мавлонов ва Ҷамшед Ҳасанов дар рақобати ҷуфти писарон сазовори ҷои сеюм шуданд.

Сипас, вакилон тариқи овоздиҳӣ роҳбарияти нави Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанберо интихоб карданд. Ҳамин тариқ, Зокир Ахмедов раис, Сайдулло Саидамиров ноиби раис интихоб гардиданд. Ҳамчунин, дар ҷаласа котиби генералӣ, аъзои комиссияҳои мураббиён, доварон ва техникӣ-варзишӣ, инчунин сармурабби дастаи мунтахаби тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе муайян гардиданд.

Зокир Ахмедов барои боварӣ ба вакилон изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки тенниси рӯи мизро дар шаҳри Душанбе ба сатҳи нав боло мебарад. Аз ҷумла дар навбати аввал барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуд ва гузаронидани мусобиқаҳои гуногун чораҳо андешида хоҳад шуд. Баъдан бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ва сарпарастон дар пойтахт як толори варзишӣ сохта хоҳад шуд.

Вакилон дигар масъалаҳои вобаста ба тенниси рӯи мизро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.