26.10.2021
: 694
Рӯзҳои 27-29 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ миёни занон - «Ҷоми Томирис» баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа ба ҷуз варзишгарони мизбон, беш аз 50 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Украина ширкат хоҳанд кард.
Аз ҷумҳурии мо 3 варзишгар: Фирӯза Зубайдова, Заронаи Фирӯз ва Мавзуна Азимова бо роҳбарии мураббӣ Марям Кантаева ба Самарқанд сафабар гардиданд.