26.10.2021
: 613
21-24 октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ миёни наврасони то 16-сола баргузор шуд.
Тавре аз Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа дар доираи гранти Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Шамсулло Соҳибов ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар мусобиқа 5 даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Душанбе-3, Хатлон-2, Рӯдакӣ ширкат ва дар як давр миёни ҳам бозӣ карданд. Дар натиҷа, дастаи Душанбе-1 ғолиби мусобиқа гардид. Дастаи Рӯдакӣ ҷои дуюм, Душанбе-3 ҷои сеюмро сазовор шуданд.