Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: ПИРӮЗИИ “СОРО КОМПАНИЯ” БАР “СИПАР” ДАР ДАВРИ ҲАШТУМ

30.08.2021

: 585

Дар бозии марказии даври ҳаштуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 тими “Соро компания” дар сафар дастаи “Сипар”-и Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 мағлуб сохт.

Ду голи Муҳсин Муҳаммадӣ, голҳои Руҳулло Исарӣ ва Файзалӣ Сардоров ба душанбегиҳо пирӯзӣ овард.

Дастаи нави лигаи касбии футзали Тоҷикистон – “Пойтахт” дуюм пирӯзиашро дар ин мавсим ҷашн гирифт. Дар даври ҳаштум футболбозони пойтахт бар тими “Самандар”-и Турсунзода бо ҳисоби 7:5 ғалаба карданд. Дар ҳайати тими ғолиб Хуршед Исломзода 3 гол, Баҳодур Юлдошев ду гол ба номашон сабт карданд.

Дар бозии дигар “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи “Помир”-и Хоруғ бо ҳисоби 4:2 зафар ёфт. Голҳои тими Душанберо Абдуқаюм Умаров (2 гол), Некрӯз Идиев ва Самандар Ризомов заданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии ҳашт даври бозиҳо “Сипар” ва “Соро компания” бо 22-холӣ пешсафанд. “Истиқлол” бо 13 хол дар ҷои сеюм мавқеъ дорад.

Бозиҳои даври нуҳуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон 4-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар даври навбатӣ «Пойтахт» бо «Соро компания», «Самандар» бо «Помир» вомехуранд.