Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: МАРҲИЛАИ ДУЮМ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

30.08.2021

: 625

Бо баргузор шудани бозиҳои даври ҳаждаҳум дар санаҳои 28-29 август, марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт.

Дар даври ҳаждаҳум “Хатлон” дар майдони худ бар тими “Эсхата” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Саидшо Бозоров дар дақиқаи 77 зад.

Дар ду бозии дигар «Душанбе» бар «Хуҷанд» ва “Равшан” бар “Истаравшан” бо ҳисоби якхелаи 2:1 зафар ёфтанд. Голҳои “Душанбе”-ро Парвизҷон Ҳамидов, Хуршед Абдуллоев, голҳои тими Кӯлобро бошад, Сафаралӣ Каримов ва Аваз Қамчинов ба номашон сабт карданд.

Тими Клуби марказии варзишии артиш (КМВА) дастаи «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Голро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 31 аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии охирини давр «Истиқлол» бар «Куктош» бо ҳисоби 7:1 ғолиб омад. Алишер Ҷалилов ду гол, Амирбек Ҷӯрабоев, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов, Салам Ашурмамадов ва Рустам Соиров якголӣ ба номашон сабт карданд.

Ҳамин тариқ, марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии тими “Истиқлол”-и Душанбе (39 хол) поён ёфт. “Истиқлол”, ҳамчунин ду бозии анҷомнадода дар ихтиёр дорад. “Хуҷанд” бо 32 хол дар ҷои дуюм аст. Сегонаи аввалро “Истаравшан” (26 хол) ҷамъбаст мекунад.

Марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 17 сентябр оғоз гардида, то 9 декабр идома меёбад. Дар даври 19-ум 17 сентябр «Истаравшан» бо «Файзканд», «Эсхата» бо КМВА, 18 сентябр «Истиқлол» бо «Равшан», «Хатлон» бо «Куктош», «Хуҷанд» бо «Душанбе» вомехуранд.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                     Б       Ғ      М      Б      Т-Т      Х     
 1  "Истиқлол" (Душанбе)              16  12  3  1  50-7  39
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  17  10  2  5  33-19     32
 3  "Истаравшан" (Истаравшан)      18  7  5  6  21-19  26
 4  "Эсхата" (Хуҷанд)  18  7  3  8  26-31  24
 5  КМВА (Душанбе)  18  6  6  6  22-23  24
 6  "Равшан" (Кӯлоб)  17  5  8  4  18-17  23
 7  "Хатлон" (Бохтар)  18  6  5  7  18-24  23
 8  "Душанбе" (Душанбе)  18  4  6  8  20-37  18
 9  "Файзканд" (Восеъ)  18  4  5  9  13-24  17
 10  "Куктош" (Рӯдакӣ)  18  3  5  10  22-42  14