Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТЕМУР РАҲИМОВ НИЗ АЗ МЕДАЛИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ БЕНАСИБ МОНД

30.07.2021

: 739

30 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар намуди ҷудо муҳориба кард.

Темур дар вазни +100кг дар даври аввал бар намояндаи Куба Эндӣ Гранда ғалаба кард, вале дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, чор нафар ҷудочии тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) аз медалҳои Бозиҳои олимпии Токио бенасиб монданд. Ду варзишгари дигарамон дар намуди бокс - Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) низ аз ҳарифонашон шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.

Дар намуди бокс Баҳодур Усмонов мусобиқаро идома медиҳад. Ӯ дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Узбекистон) вомехурад.

Имрӯз, ҳамчунин Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд. Дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр фардо 31 июл дар даври интихобӣ ширкат менамояд.

Ёдрас мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид аст. 11324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.

Дар ҳафтум рӯзи бозиҳо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 16 медали тилло, 7 нуқра, 10 биринҷӣ пешсаф аст. Ҷопон бо 15 тилло, 4 нуқра, 6 биринҷӣ дар ҷои дуюм, ШМА бо 14 тилло, 16 нуқра, 11 биринҷӣ дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.