29.07.2021
: 792
29 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 варзишгари мо аз намуди бокс – Сиёвуш Зуҳуров муҳориба кард.
Сиёвуш, ки дар даври аввал озод буд, дар даври ҳаштякфинали вазни +91кг аз намояндаи Фаронса Мурод Алиев бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд.
25 июл варзишгари дигарамон дар ин намуд Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.
Баҳодур Усмонов бошад, дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва ӯ 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Узбекистон) вомехурад.
Фардо – 30 июл бошад, Темур Раҳимов дар намуди ҷудо дар вазни +100кг гуштин мегирад. Ҳарифи нахустинаш Эндӣ Гранда аз Куба мебошад. Ҳамчунин Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд.
Ёдрас мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид аст. 11324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.
Дар шашум рӯзи бозиҳо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 14 медали тилло, 6 нуқра, 9 биринҷӣ пешсаф аст. ШМА, ки 13 тилло, 13 нуқра, 10 биринҷӣ дорад, дар ҷои дуюм, Ҷопон бо 13 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ дар мақоми сеюм ҳастанд.