Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ЭСХАТА” БА ҶОИ ДУЮМИ ҶАДВАЛ БАРГАШТ

12.07.2021

: 616

10-11 июл бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаҳои олӣ баргузор шуданд.

10 июл “Равшан” дар сафар бар тими “Хатлон”, “Хуҷанд” дар майдони худ бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи “Равшан”-ро Анвар Муродов, голи тими “Хуҷанд”-ро Абдулмуъмин Забиров ба номашон сабт карданд.

Се бозии дигари давр 11 июл доир гардиданд. “Эсхата” дар майдони худ тими “Файзканд”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Мубинҷон Муъминов зад. Пас аз ин ғалаба “Эсхата” ба ҷои дуюми ҷадвал баромад.

Дар бозии дигар “Душанбе” бар тими “Куктош” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари тими “Куктош” Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Мизбонон тавассути Иззатулло Рӯзиев ва Амир Меъморӣ ду гол заданд.

Бозӣ миёни КМВА – “Истиқлол” бидуни гол (0:0) анҷом ёфт.

14 июл бозии мавқуфмондаи даври 4-ум миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” сурат мегирад ва сипас то 7 август дастаҳои лигаи олӣ ба танаффус мераванд.

Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 07-08 август баргузор мешаванд. Дар ин давр КМВА бо “Хатлон”, “Истаравшан” бо “Эсхата”, “Истиқлол” бо “Файзканд”, “Куктош” бо “Хуҷанд” ва “Равшан” бо “Душанбе” вомехуранд.

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

ГОЛҲО

+/-

Х

1      

“ХУҶАНД” (ХУҶАНД)

12

8

1

3

26-13

+13

25

2

“ЭСХАТА” (ХУҶАНД)

13

6

2

5

22-25

-3

20

3

“ИСТАРАВШАН” (ИСТАРАВШАН)       

13     

5      

4      

4       

14-12        

+2      

19    

4

“ИСТИҚЛОЛ” (ДУШАНБЕ)

9

5

3

1

20-6

+14

18

5

“ХАТЛОН” (БОХТАР)

12

4

5

3

14-12

+2

17

6

“РАВШАН” (КӮЛОБ)

12

4

4

4

15-15

0

16

7

“ФАЙЗКАНД” (ВОСЕЪ)

12

3

4

5

10-13

-3

13

8

“КУКТОШ” (РӮДАКӢ)

13

3

4

6

17-25

-8

13

9

“ДУШАНБЕ” (ДУШАНБЕ)

13

3

4

6

17-28

-11

13

10

КМВА (ДУШАНБЕ)

13

2

5

6

14-20

-6

11