Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

935 000 СОМОНӢ КӮМАКПУЛИИ МУҲТАРАМ ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДА ВА ФЕДЕРАТСИЯҲО

935 000 СОМОНӢ КӮМАКПУЛИИ МУҲТАРАМ ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДА ВА ФЕДЕРАТСИЯҲО 935 000 СОМОНӢ КӮМАКПУЛИИ МУҲТАРАМ ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДА ВА ФЕДЕРАТСИЯҲО 935 000 СОМОНӢ КӮМАКПУЛИИ МУҲТАРАМ ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДА ВА ФЕДЕРАТСИЯҲО 935 000 СОМОНӢ КӮМАКПУЛИИ МУҲТАРАМ ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДА ВА ФЕДЕРАТСИЯҲО 935 000 СОМОНӢ КӮМАКПУЛИИ МУҲТАРАМ ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДА ВА ФЕДЕРАТСИЯҲО

10.07.2021

: 1034

10 июл дар ҷаласаи 20-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020, ҳамчунин ба ҳайати олимпии Тоҷикистон аз номи ноиби Президенти КМО Тоҷикистон, муҳтарам Соҳибов Шамсулло кӯмакпулӣ ва ба 17 федератсияи варзишӣ грант дар ҳаҷми умумии 935 000 сомонӣ тақдим шуд.

Қобили зикр аст ки зимни баргузории ҷаласаи қаблии Ассамблеяи генералӣ муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов иқдом намуда буданд, ки барои рушди 20 федератсияи варзишӣ грант дар ҳаҷми як миллион сомонӣ ҷудо мекунанд. Ин як ташаббуси беназир буда, барои фаъолияти муътадили федератсияҳои варзишӣ дар давоми то як сол мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, барои танзими масъалаҳои гранти ноиби Президенти КМО Тоҷикистон, муҳтарам Шамсулло Соҳибов комиссия корӣ таъсис ёфт ва 17 федератсия лоиҳаи дархостӣ пешниҳод карданд. Ҳар гранти чудошуда 50 000 сомонӣ буда, ба рушди федератсияҳои миллии варзишӣ нигаронида шудааст.

Инчунин, аз ҷониби ноиби Президенти КМО Тоҷикистон, муҳтарам Шамсулло Соҳибов ба варзишгароне, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтаанд ва тибқи саҳмияи универсалӣ сафарбар мегарданд, мутаносибан 10000 сомонӣ ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ сазовори медали тилло мешаванд, 300 000 сомонӣ, барои медали нуқра 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ ҷоизапулӣ мегиранд.

Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ва раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров аз номи аъзои Кумита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти Кумита, муҳтарам Шамсулло Соҳибов барои дастгирӣ ва кӯмак изҳори сипос намуданд.

Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 11 нафар иборат мебошад: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).