Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ ФУТБОЛИ БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) – БАРАНДАИ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021

08.07.2021

: 553

Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни духтарони то 17-сола анҷом ёфт. Дар натиҷа, тими футболи бонувони навраси Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол намуд.

Дар даври ҷамъбастии Чемпионати CAFA-2021 футболбоздухтарони тоҷик аз тими Эрон бо ҳисоби 0:3 шикаст хурд, Узбекистон бошад, бар тими Афғонистон бо ҳисоби 8:0 ғалаба кард.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи се даври бозиҳо тими Узбекистон бо 7 хол ғолиби чемпионат шуд. Медалҳои нуқра насиби дастаи Эрон (6 хол) гардид. Мунтахаби футболи духтарони Тоҷикистон бо 4 хол ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизаи «Fair play» ба тими Тоҷикистон тақдим шуд. Лайло Рустуллоева (Узбекистон) бо 6 гол беҳтарин нишонзан эълон гардид. Ҷоизаи беҳтарин бозингар насиби Зулфӣ Муҳаддаса (Эрон) шуд.

     Б     Ғ     М    Б     ТӮБ   Х  
 1    Узбекистон                    3  2  1  0  11-1  7
 2  Эрон  3  2  0  1  9-2  6
 3  ТОҶИКИСТОН  3  1  1  1  6-6  4
 4  Афғонистон  3  0  0  3  2-19      0