Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

391 ҶУДОЧӢ ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО ШИРКАТ МЕКУНАНД

06.07.2021

: 766

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯйхати ниҳоии иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро нашр кард.

Дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 129 давлати 5 қитъа 391 варзишгар (199 мард, 192 зан) иштирок мекунанд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5 нафар зиёд мебошад. Дар асоси низомнома, ки соли 2018 нашр шуд, ба Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи ҷудо бояд 386 нафар (193 мард, 193 зан) интихоб мегардиданд.

Миёни ин 391 нафар 4 варзишгари тоҷик низ ҳастанд, ки 3 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов тавассути радабандии олимпии ҷаҳонӣ ва як нафар - Акмал Муродов тариқи радабандии олимпии қоравӣ имкони ширкат дар 32-юм Бозиҳои Олимпиадаро пайдо намуданд.

Дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро соли 2016 ду ҷудочии тоҷик ширкат карда буданд – Комроншоҳ Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов.

Қуръакашии мусобиқаи олимпии ҷудо 23 июл – дар рӯзи кушодашавии Бозиҳои олимпӣ сурат мегирад. Мусобиқа аз 24 то 31 июл доир мегардад. Ҳар рӯз варзишгарон дар як вазн миёни мардон ва як вазн миёни бонувон гуштин мегиранд.

Варзишгарони мо аз рӯзи 26 июл мусобиқаро оғоз мекунанд. Дар ин рӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг рӯи татамӣ мебарояд. Дар ин дараҷаи вазнӣ иштироки 36 нафар (аз ҳама бештар) дар назар аст. 27 июл Акмал Муродов дар вазни -81кг ҳамроҳи 33 нафари дигар барои медал талош хоҳад кард. Сипас, 28 июл мо шоҳиди ҳунари Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг мегардем. Дар ин вазн 33 нафар ширкат мекунанд. Темур Раҳимов дар вазни +100кг рӯзи 30 июл, ҳамроҳи 21 нафари дигар қувваозмоӣ хоҳад кард.

31 июл рақобатҳои даставии омехта дар назар аст, ки миёни 11 тим сурат мегирад. Ҳар тим аз шаш нафар иборат аст: 3 мард (-73кг, -90кг, +90кг), 3 зан (-57кг, -70кг, +70кг).

Ёдрас мешавем, ки Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 доир мегардад.