Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЗИЁВУШ ЗУҲУРОВ БА БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО РОҲХАТ ГИРИФТ

05.07.2021

: 795

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сиёвуш Зуҳуров бо Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт.

Сиёвуш тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар 32-юм Бозиҳои Олимпиадаро дар вазни +91кг пайдо намуд.

Бо сабаби пандемияи коронавирус гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонро барҳам дода, квотаҳои пешбинишударо тибқи радабандӣ тақсим намуд.

Сиёвуш Зуҳуров иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010 буда, дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Ӯ ахиран дар Чемпионати Осиё-2021, ки дар Дубай доир шуд, ҷои панҷумро сазовор гардид.

Ҳамин тариқ, ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 11 нафар расид: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.