Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: ПИРӮЗИИ ДУЮМИ КМВА ДАР МАВСИМИ НАВ

05.07.2021

: 1370

3-4 июл бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи “Истиқлол” дар ин давр бар тими нави лигаи олӣ – “Эсхата” бо ҳисоби 5:1 ғалаба карда, бо 17 хол ба ҷои дуюми ҷадвали чемпионат баромад. Дар ҳайати тими Душанбе Рустам Соиров 3 гол зад. Ду голи дигари ин дастаро Манучеҳр Ҷалилов ва Алишер Ҷалилов заданд. Голи тими “Эсхата”-ро Мубинҷон Муъминов ба номаш сабт кард.

Дар бозии дигар “Хуҷанд” дар сафар бар тими “Файзканд” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Дастаи Хуҷанд се холро тавассути зарбаҳои нишонраси Артём Сердюк ва Дилшод Бозоров ба даст овард.

Дастаи “Равшан” аз тими КМВА бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Наврӯз Рустамов ба фоидаи тими Кӯлоб дар дақиқаи 44 ҳисобро кушод. Артишиҳо тавассути зарбаи нишонраси Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 58 ҳисобро баробар намуданд. Голи ғолибиятро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаҳои иловагии вақти асосии бозӣ (90+4) зад.

Дастаи “Истаравшан” дар майдони худ бар тими “Душанбе” пирӯз шуд - 2:0. Ҳар ду голро Илҳом Баротов зад.

Ниҳоят, бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” – “Хатлон” мусовӣ (3:3) анҷом ёфт. Бозингари тими “Куктош” Алишер Холмуродов дар дақиқаи 19 ба дарвозаи дастааш гол зад. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 53 ҳисобро афзуд. Пас аз 5 дақиқа Муҳаммадшарифи Саидхоҷа голи якуми тими “Куктош”-ро зад. Суҳроб Раҳмонов бозингари “Куктош” дар дақиқаи 68 ба фоидаи бохтариҳо ба дарвозааш гол зад – 1:3. “Куктош” тавассути зарбаҳои нишонраси Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 90+1 ва Амирҷон Сафаров (90+4) аз бохт раҳо ёфт.

Бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 10-11 июл баргузор мешаванд. Дар ин давр КМВА бо “Истиқлол”, “Хатлон” бо “Равшан”, “Хуҷанд” бо “Истаравшан”, “Душанбе” бо “Куктош”, “Эсхата” бо “Файзканд” вомехуранд.

Аммо қабл аз ин давр 7 июл бозии мавқуфмондаи даври 3-юм миёни дастаҳои “Истаравшан” – “Истиқлол” доир мешавад.

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

ГОЛҲО

+/-

Х

1

“ХУҶАНД” (ХУҶАНД)

11

7

1

3

25-13

+12

22

2

“ИСТИҚЛОЛ” (ДУШАНБЕ)

7

5

2

0

19-4

+15

17

3

“ЭСХАТА” (ХУҶАНД)

12

5

2

5

21-25

-4

17

4

“ХАТЛОН” (БОХТАР)

11

4

5

2

14-11

+3

17

5

“ИСТАРАВШАН” (ИСТАРАВШАН)          

11   

4   

4   

3    

12-10      

+2     

16  

6

“КУКТОШ” (РӮДАКӢ)

12

3

4

5

16-23

-7

13

7

“РАВШАН” (КӮЛОБ)

11

3

4

4

14-15

-1

13

8

“ФАЙЗКАНД” (ВОСЕЪ)

11

3

4

4

10-12

-2

13

9

КМВА (ДУШАНБЕ)

12

2

4

6

14-20

-6

10

10   

“ДУШАНБЕ” (ДУШАНБЕ)

12

2

4

6

15-27

-12

10